Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Салиби сурхи Чин рӯзи 12-уми марти соли 2012 дар шаҳри Бейҷинг, пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин, зери як созишномаи ҳамкориҳои дӯстона имзо гузоштанд.

Тавре аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар доданд, созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дабири кулли он Зафар Муҳаббатов ва аз ҷониби Салиби Сурхи Чин муовини президенти он хонум Ҳао Лина имзо карданд.

Ҳадаф аз ин Созишномаи Ҳамкориҳои Дӯстона таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо миёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Салиби Сурхи Чин мебошад. Ҳар ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, то ҳамкориҳои худро дар самтҳои табодули иттилоот ва мусоидат ба ҳамдигар, таҷриба ва таҳкими тамосҳо, рушди иқтидор ва тавоноӣ, ироаи таҷҳизот ва маводи башардӯстона ва омӯзиши имкони роҳандозии барномаҳои муштарак бидиҳанд:

Зафар Муҳаббатов, дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, мегӯяд, “созишномаи мазкур қадами нахуст дар ҳамкориҳо миёни ду Ҷамъият мебошад. Бо ин созишнома ҳар ду ҷониб табодули пайвастаи иттилоотро ҷиҳати таҳкими ҳамоҳангӣ ва мусоидат ба ҳамдигар ба роҳ мегзоранд, тавассути давраҳои омӯзишӣ ва сафарҳои омӯзишӣ ҳамдигарфаҳмиро таҳким мебахшанд, Салиби Сурхи Чин дар тақвияти иқтидори Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар самтҳои омодагӣ ба офатҳо ва ироаи ёрӣ ба зарардидагон кӯмак мерасонад ва ғайра”.

Созишномаи мазкур дар чаҳорчӯбаи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо шудааст. Ҳайати Тоҷикистон аз раҳбарияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари кишвар ва Намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар ҷумҳурӣ иборат аст. Дар дидорҳо бо раҳбарияти Салиби Сурхи Чин имкони роҳандозии барномаҳои муштарак оид ба омодагӣ ба офатҳо, ироаи ёрӣ ба зарардидагон, ҷилавгирӣ аз густариши ВИЧ СПИД ва ғайра баррасӣ гардид.  

Эрик Мишел Селйе, раҳбари Намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон, мегӯяд, “ҳамкориҳо бо Салиби Сурхи Чин дари нави имкониятро барои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷиҳати густариши фаъолиятҳояш ва тақвияти иқтидораш боз мекунад. ФБҶ СС ва ҲА, дар навбати худ, ҳамеша омода аст, то ба Ҷамъияти миллӣ дар ҷустуҷӯи имкониятҳои нави ёрӣ ба ниёзмандон ва таҳкими тавоноӣ ёрӣ бидиҳад”.

Ҳайъати Тоҷикистон, ҳамчунин, аз як бунгоҳи ёрии изтирории Салиби Сурхи Чин дар Бейҷинг, баъзе аз созмонҳои ибтидоии ин Ҷамъият, ва бахши Салиби Сурхи Чин дар Шинҷон дидан мекунад.