Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия дар якҷоягӣ бо диаспораи тоҷик дар Фаронса ва Иттиҳодияи фаронсавии «Наврӯз» 25-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Париж дар зери манораи Эйфел Иди байналмилалии Наврӯзро ҷашн гирифта мешавад.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, сафорат ҳамчунин дар якҷоягӣ бо сафоратҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, бо иштироки намояндагони баландпояи Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони бонуфузи доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, фарҳангӣ, илмӣ, воситаҳои ахбори умум, сафирон ва дипломатҳои сафоратҳои муқими шаҳри Брюссел санаи 21-уми марти соли 2012 дар қасри бошукӯҳи «Palais de Colonies» ҷашни Рӯзи байналмилалии Наврӯзро таҷлил хоҳад кард.

Зикр гардид, ки сафорати Тоҷикистон дар Белгия ҷашнгирии иди байналмилалии Наврӯзро дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти тоҷикистониёни Белгия, Нидерланд ва Люксембург дар шаҳри Брюссел дар толори миллии Сафорат рӯзи 24-уми марти соли равон низ ба нақша гирифтааст.