Ба истиқболи Наврӯзи хуҷастапай ба ятимону бепарасторон, маъюбон, пирону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоати шаҳри Ваҳдат кумаки хайрияи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон расонда шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, ба зиёда аз 7 ҳазору 200 нафар ниёзманд, аз ҷумла оилаҳои камбизоат ва хонаводаҳои дорои иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, маъюбон, пирону барҷомондагон ва ятимон кумаки хайрияи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон расонда шуд.

Кумаки хайрия, ки аз маводи хӯрока, либосворӣ ва ғайра иборат аст, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ҷамъиятии хайрияи Эмомалӣ Раҳмон харидорӣ шудааст.

Тибқи супориши Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар кумакҳои хайрия ба оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон расонда мешаванд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки кумакрасонии Президенти кишвар ба ниёзмандон, албатта соҳибкорону тоҷирон ва дигар мардуми саховатпешаро ҳам ба амалҳои хайру савоб ва дасти кумак дароз кардан ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, маъюбон ва пирону барҷомондагон водор месозад.

Тавре Сарвари давлат пайваста таъкид медорад, тамоми мардуми кишвар бо кумаку дастгирии ҳамдигар шароити истиқболи сазовори Наврӯзи оламафрӯз ва дигар ҷашну идҳои пурифтихори умумимиллиро бояд дошта бошанд.