Боришоти барфи зиёд ба ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои мошингарди пойтахт мушкил эҷод кард.

Сокинони пойтахт ба идораи ОИ «Азия-Плюс» дар бораи фаъолияти ғайриқаноатбахши нақлиёти мусофирбар дар шаҳр ва кам будани шумори техникаи барфтозакун хабар медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, ки ба роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе тамоми техникаи барфтозакунии дар тавозуни мақомоти шаҳрдорӣ қарордошта сафарбар шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, роҳҳоро 153 автомашина аз барф тоза карда, кори хадамоти коммуналии пойтахт таҳти назорати бевоситаи раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор дорад.

«Бо супориши раиси шаҳр айни замон муовинони раис ва раисони чаҳор ноҳияи пойтахт шахсан вазъи тозакунии роҳҳои автомобилгард ва роҳравҳоро назорат мекунанд», - гуфт Ш.Саидов.

Ба гуфтаи котиби матбуотии раиси пойтахт, субҳи имрӯз якчанд ҳодисаҳои ба вазнинии барф тоб наоварда, кандаву ба замин афтодани дарахтҳо ба қайд гирифта шудааст ва аз ин рӯ, «мақомоти шаҳрдорӣ аз ронандагон ва роҳгузарон даъват ба амал меоварад, ки ҳушёру боэҳтиёт бошанд».