Боришоти барфи зиёд ба фаъолияти фурудгоҳи пойтахт монеа эҷод накард.

Тавре сухангӯйи ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар бораи боришоти зиёди барф хадамоти техникии фурудгоҳ қаблан огоҳ карда шуда, тамоми техникаи зарурӣ ва реагентҳои зиддияхбандӣ пешакӣ аз ҷониби кормандони хадамоти заминии фурудгоҳ тайёр карда шуда буданд.

«Айни замон фурудгоҳ тибқи реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, оид ба парвоз ё фуруд омадани ҳавопаймоҳо ҳеҷ мушкилоте вуҷуд надорад, - гуфт вай. – Шурӯъ аз соати 5-и субҳ тамоми парвозҳо мувофиқи реҷа анҷом дода мешаванд».

Қобили зикр аст, ки субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамин фурудгоҳ ба шаҳри Маскав сафар кард.

Дар ҳамин ҳол, боришоти барф ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингарди пойтахт мушкилоти назаррас пеш овард.