Бори нахуст ба муносибати ҷашни Наврӯз қисмҳои оташнишонии Хадамоти оташнишонии вилояти Суғд ба сокинони камбизоати вилоят дасти ёрӣ дароз мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти раҳбарии Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд хабар доданд, ҳамаи 17 қисмҳои оташнишонии хадамот ба қишри камбизоати аҳолӣ, аз ҷумла оилаҳои кормандони хадамот низ бо маводи ғизойӣ ва дигар кумакҳо ёрӣ мерасонанд. Таъмини оилаҳои камбизоат бо як халта орд ва 10 кило равған пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, ахири ҳафтаи гузашта дар қисми оташнишонии №22-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо кумаку дастгирии мақомоти раҳбарии қисми мазкур ва Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд маросими тӯйи хатнасури се нафар фарзандон аз оилаҳои камбизоати кормандони хадамот ва як нафар фарзанди сокини маҳаллӣ баргузор шуд. Ба ин оилаҳо ба сифати туҳфа велосипед, телевизор ва сарулибосу пойафзол тақдим гардид.

Тавре дар Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд зикр карданд, айни замон музди меҳнати хизматчии қатории хадамоти оташнишонӣ 500 сомониро ташкил медиҳад.