Чанде қабл дар Кохи варзишии «Лужники»-и шаҳри Москва, дар толори давлатии марказии консертии «Россия», Иди байналмилалии Наврӯз ҷашн гирифта шуд.

Чуноне аз маркази матбуотии сафоратхоаи Тољикистон дар Маскав хабар доданд  чорабинӣ бо ибтикори шаҳрдории Москва дар ҳамдастӣ бо сафоратҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ӯзбакистон ва намояндагиҳои ваколатдори ҷумҳуриҳои Бошқирдистон ва Тотористон дар Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар ҷашн дар шумори роҳбарони намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия, сарварону намояндагони созмону ҷамъиятҳои тоҷикону тоҷикистониён, ҳамватанони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли илму ҳунар, донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри Москва     меҳмонони зиёде ҳам аз ҷумлаи роҳбарону намояндагони ҳайъати дипломатии муқими Россия, вазорату идораҳои гуногуни ин кишвар, диаспораҳои миллӣ дар кишвари будубош, кормандони расонаҳои хабарӣ ва бошандагони ш. Москва иштирок доштанд, илова кард манбаъ.

Дар оғоз, ба саҳна, дар ҳоли мутантан, сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, инчунин, Озарбойҷон, намояндаҳои ваколатдори ҷумҳуриҳои Бошқирдистону Тотористон ва ҳам сафири Покистон, намояндагони сафоратҳои Афғонистону Туркия хонда шуданд. 

Юрий Артюх – роҳбари Департаменти ҳамкории байниминтақавӣ, сиёсати миллӣ ва робита бо созмонҳои динии шаҳри Москва паёми шодбоши Сергей Собянин – мири ш. Москваро ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз қироат намуд.  Дар он шаҳрдори Москва аз табиату вежагиҳои Наврӯз, аз ҷумла анъанаҳои нек ва нерӯи илҳомбахшу созандаи он ёдовар гардида, зимнан, мутааккид ҳам шудааст, ки ин иди зебои баҳор дар роҳи ҳусни тафоҳуми беш аз пеш

ва ризоият миёни намояндагони халқу миллатҳои гуногуни ш. Москва пайваста мусоидат менамояд.

Сафирони чанд кишвар, аз ҷумла Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Достиев ҳозиринро бо Наврӯз шодбош гуфта, дар зимн аз хусусиятҳои ин иди бостонӣ хотирнишон шуд. А. Достиев  таъкид кард, ки Наврӯз ба дину мазҳаб вобастагие надошта, ҷашни баҳор, бедории табиат ва оғози мавсими киштукор аст. Тавре ӯ афзуд, Наврӯз тантанаи рӯшноӣ бар зулмат, таҳкими сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва баҳамоии одамон аст.  Наврӯзро бояд бо дилу андешаи орӣ аз ғаму кудурат ва рашку ҳасад пешвоз гирифт, то касро дар анҷоми додани кулли корҳо нерӯи тоза бахшояд ва боис ба дастоварду натиҷаҳои дилхоҳ гардад.

Сафири Тоҷикистон ба роҳбарияти шаҳри Москва, ба ҳамаи масъулини чорабинӣ барои мусоидатҳои лозимаашон дар ташкил ва баргузории ҷашн, барои эҳтирому бузургдошти Наврӯз изҳори сипос ва қадрдонӣ намуд. 

Барномаи рангини консертиро дорандаи нишонҳои Парчами сурхи меҳнат, Дӯстии халқҳо, медали «Ватандӯсти Россия» ва дигар ҷоизаҳо - Хори давлатии академикии рус ба номи М.Е. Пятнитский ҳусни оғоз бахшида, сипас, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Владимир Зелден бо суруде ҳозиринро муборакбод гуфт. Ҳамчунин, устодони дигари ҳунар, чун ҳунарманди мардумии Иристони Шимолӣ ва Ҷанубӣ, ҳамзамон ҳунарманди мардумии Ингушистон, Қабардину Балқар ва ҳунарманди шоистаи Россия – Феликс Тсарекати, ҳунарманди мардумии Қазоқистон Роза Римбаева аҳли нишастро бо Наврӯз табрик намуданд.

Дар ҷашн суруду оҳангҳои халқу миллатҳои гуногун, аз ҷумла русу озар, доғистонӣ, қирғизу ӯзбак ва ғайра садо дода, миёни онҳо, барномаи консертии ҳунармандони тоҷик, бахусус, бо дилнишинӣ ва ҷаззобияти худ ҳамагонро ба ваҷд овард.   

Зери навои дилрабои найу асбобҳои миллӣ чанд тан аз бонувони тоҷик ва, дар ҳалқаи дигар, се тан аз духтаракони дӯстрӯяк рӯйи саҳна омада, бонувон ба мардон тоқӣ ва духтаракон ба «модарон» гули лола

тақдим намуданд. Бо либосҳои миллии тоҷикӣ дар ҳавои оҳанги марғуби тоҷикӣ ва чаҳ-чаҳи булбулон рӯйи саҳна омадани онҳо, ороиши саҳна, намоиши сабзаи гандум, ҷараёни намоиши табиату зебоиҳои Тоҷикистон дар пасманзари саҳна, ҳамзамон ба рақсу замзама даромадани як қисми толор – ин ҳама пеши назари тамошобин тавре ба намоиш гузошта шуда буд, ки ҳар кадоме аз аҳли толор аз аҳамияту маҳбубияти воқеии Наврӯз барои тоҷикон пай мебурд.

Ромишгари хушсалиқаи тоҷик Муҳаммадвалӣ Орзуев, ҳунарманди маъруфу хушовоз Саъдии Буризод, раққосаи хушхиром Зайнаб Юсуфова, ки махсус аз Тоҷикистон барои ҷашн даъват шуда буданд, бо баромади худ хотири ҳозиринро бо оҳангу суруд ва рақсҳои дилошӯби тоҷикӣ шод карданд.

Таронаи «Наврӯз»-и С. Бӯризод ва, бахусус, суруди машҳури «Ман бо духтаре вохӯрдам» дар иҷрои ӯ, аҳли толорро ба ваҷд оварда, аксарият, беихтиёр ба ӯ ҳамовоз мешуданд.  

Дар бахши дуюми барномаи консертӣ дастаҳои ҳунарии донишҷӯён ва созмонҳои ҷамъиятии миллии ш. Москва бо рақсу сурудҳои худ баромад карданд.

Тоҷикистониёни мактабҳои олии ш. Москва, аз ҷумла донишҷӯёни Донишгоҳи давлати фарҳанг ва ҳунари ш. Москва ва Донишгоҳи давлатии дӯстии халқҳо барои дар сатҳи муносиб муаррифӣ намудани фарҳангу ҳунари миллӣ, ба чорабинӣ омодагии ҳамаҷониба дида, воқеан, ба ин муваффақ ҳам шуданд. Рақси яккаи Резида Латифова, рақси гӯрӯҳии духтарон бо роҳбарии Манижа Буйдоқова ва сурудҳои Нодир Зоирпур комилан аҳли толорро тасхир карда буданд. Ҳамзамон, ҷавонони ба шӯромада, дар толор низ рақсу бозӣ ва шодмониҳо мекарданд.

Ҳамчунин, корманди Сафорат М. Қодирова ва чанд донишҷӯийи тоҷик бо қироати шеърҳо дар васфи Наврӯз аҳли нишастро табрику таҳният гуфтанд. 

Дар даромадгоҳи Кохи варзишии «Лужники» «Гӯшаи кишварҳо» ташкил карда шуда, дар он намунаи маҳсулоти гуногун,  анвои ғизову ширинӣ, мева, либосҳои миллӣ, китоб, рӯзномаву маҷаллаҳо ба намоиш гузошта шуда буданд.  

Дар гӯшаи «Тоҷикистон» аз як сӯ, «дастурхони ҳафт сину ҳафт шин», инчунин анвои ғизои миллӣ ва меваву шириниҳо ва аз сӯи дигар, намунаҳои либосҳои тоҷикӣ, аз ҷумла сӯзанӣ, куртаи чакан ва тоқиҳо  ба намоиш гузошта шуда буданд. Дар баробари ғизоҳои дигари миллии тоҷикӣ сумалак – таоми хоси Наврӯз, ки махсус барои рӯзи ҷашн омода гардида буд, меҳмононро бештар хуш омада буд. 

Сабзаи гандум аз ҷониби тоҷикистонӣ ба таври фаровон дар ҳар гӯша – дар дастурхон, дар толори хоси меҳмонон ва ҳам рӯйи саҳнаи толори консертӣ гузошта шуда, ҳамроҳ бо сумалак, таваҷҷӯҳи хоси пиру ҷавонро ба худ ҷалб карда буд.

Бахшида ба Иди Наврӯз шумораи навбатии рӯзномаи «Тоҷикони Россия» аз чоп баромада, ҳамроҳ бо маҷаллаи «Тоҷикистон» ба меҳмонону ҳаводорон пешкаш карда шуда буданд.

Ҳамин гуна, тайи чанд соат, меҳмонони сершумори ҷашн, намояндагони халқу миллатҳои гуногун дар дунёи Наврӯз - паёмрасони ростини баҳори ҳур ва ҷаҳони шодиву сур, дар олами дӯстиву рафоқат, ҳусни тафоҳум  ва меҳру муҳаббат қарор доштанд.

Худо кунад, ба шарофати омад-омади Наврӯз рӯшаноӣ, меҳру муҳаббат ва файзу баракот дар ҳар хонадон ва ҷомеа афзояд ва пиру ҷавонро ба Наврӯзи дигар бо тани сиҳат, дили беғам, осоиши рӯзгор ва дастоварду комёбиҳои тоза расонда бошад.