Моҳи апрели соли равон дар ноҳияи Колпини шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷирони корӣ курсҳои ройгони омӯзиши забони русӣ боз мегарданд. Дар ин бора ОИ REGNUM бо истинод ба маъмурияти ноҳияи мазкур хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, курсҳо дар заминаи Маркази такмили ихтисоси мутахассисони «Маркази иттилоотиву методӣ»-и ноҳия амал хоҳанд кард.

Зикр мегардад, ки бо хоҳишмандони омӯзиши забони русӣ дар як ҳафта ду маротиба машғулият доир гардида, ҳаҷми курсҳо аз 50 соат машғулият иборат аст. Бо анҷоми машғулиятҳои курс ба хатмкардагони он шаҳодатнома (сертификат) супорида мешавад.