Дар ҷамоати Кӯлоби ноҳияи Кӯлоб ҷашни Наврӯз бошукуҳ таҷлил гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҷамоат Салим Бобохонов хабар дод, дар қаламрави ҷамоат ҳудуди 18 ҳазор нафар аҳолӣ асосан ба корҳои кишоварзиву ҳунармандӣ машғул буда, қисмати зиёди мардум дар шаҳри Кӯлоб кор мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, бинобар сабаби мавҷуд набудани макони васеъ барои баргузори ҷашнҳо, чорабиниҳои идона ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯз дар ду деҳаи бузург гузаронида мешаванд.

«Ба чорабинии ҷашнӣ қисмати зиёди сокинони шаҳри Кӯлоб таваҷҷуҳ зоҳир сохта, ҳамчунин дар он меҳмонон аз шаҳри Душанбе ва дигар маҳаллаҳои аҳолинишни ноҳия ҳузур доштанд. Мақомоти раҳбарии Кӯлоб деҳотиёнро бо ҷашни фархунда табрику таҳният гуфтанд», - афзуд номбурда.