Соли равон Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷ ба Тоҷикистон 6 ҳазор квота ҷудо кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, Тоҷикистон ба шумораи аз ин ҳам бештари квотаҳо исрор кардааст, вале ҷониби Арабистони Саудӣ бо такя ба маълумоти СММ далел пеш овардааст, ки аз аҳолии шашмиллионннафараи Тоҷикистон танҳо 85% мусулмонанд ва гузашта аз ин, як қисмати муайяни аҳолии кишвар дар муҳоҷират қарор доранд.

Кумитаи умури дини Тоҷикистон маълумоти интишоргардида пас аз барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010-ро, ки мувофиқи он дар Тоҷикистон беш аз 7 млн. ба сар бурда, беш аз 95%-ашон мусалмонанд, пешниҳод кардааст, вале танҳо то ба 6 ҳазор квота расонидани шумори зоирин аз Тоҷикистон муваффақ шудааст.

Дар робита ба арзиши маросими адои ҳаҷ барои тоҷикистониён дар соли равон алҳол маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. «Барои муайян кардани нархи адои маросими ҳаҷ барои зойирини тоҷик дар соли равон намояндагони кумитаро лозим меояд, ки боз як бори дигар ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд», - гуфтанд дар кумита.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта барои маросими адои ҳаҷ ба Тоҷикистон 5,5 ҳазор квота ҷудо гардида, маблағи он дар маҷмӯъ 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, сарулибоси маъмулӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳамасола бинобар сабаби нокофӣ будани шумораи квотаҳо, ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон аз адоми маросими ҳаҷ ба Хонаи Худо маҳрум мешаванд. Аз ин рӯ, барои адои маросими ҳаҷ шаҳрвандони Тоҷикистон аксаран аз квотаҳои кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Русияву Қазоқистон истифода менамоянд. Мақомоти марбутаи Арабистони Саудӣ дар робита ба ин масъала изҳор кардаанд, ки соли гузашта аз квотаҳои кишварҳои дигар беш аз 600 нафар зойирини тоҷик истифода кардаанд.