Дар шаҳри Хуҷанд шабакаи нави радиои «Пайванд» ба пахши озмоишии барномаҳо дар диапазони FM оғоз кард. Шабакаи радиои мазкур аз ҷониби ширкати телевизиону радиои «СМ-1»-и шаҳри Хуҷанд, ки сар аз соли 1998 дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ фаъолият дорад, таъсис дода шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ҶСК Ширкати телевизиону радиои «СМ-1» Акрам Ӯрунов иттилоъ дод, айни замон корҳои омодагӣ идома дошта, мавҷафкани радио дар басомади 100,6 FM мавриди озмоиш қарор мегирад.

«Шумори умумии коргарони радиои мазкур 15-20 нафарро ташкил дода, ҳайати асосии эҷодкор аз ҳисоби журналистони корозмудаи студияи телевизиони «СМ-1» интихоб карда хоҳад шуд. Ҳамзамон тибқи озмун журналистони ҷавони болаёқат низ ба кор қабул гардида, баҳри омӯзиши ҳайати кормандон даъвати мутахассисони хориҷӣ дар назар аст», - гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 16-уми апрел – санаи таҷлили ҷашни 14-умин солгарди оғози пахши барномаҳои шабакаи телевизиону радиои «СМ-1» пахши баронмаҳои шабакаи радиои «Пайванд» шуруъ мегарданд.

Дар радиои «Пайванд» пахши барномаҳои иттилоотиву фароғатӣ, иқтисодиву сиёсӣ ва ҷамъиятиву фарҳангӣ бо ду забон пешбинӣ шудааст. Айни замон барномаҳои ин радиоро ҳамчунин метавон дар шаҳру ноҳияҳои наздики Хуҷанд низ қабул кард.

Ёдрас мекунем, ки ин шабакаи панҷуми радиоӣ дар шаҳри Хуҷанд аст, ки барномаҳои худро тавассути диапазони FM пахш мекунад.