Ба шаҳри Хуҷанд таҷҳизоти тиббии арзиши умумиаш 8 млн. доллари ИМА ворид гардид, ки дар шуъбаи таваллудхонаи вилоят насб хоҳад шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси Раёсати тандурустии ҳукумати вилояти Суғд Ҷаъфар Маҳмадов хабар дод, таҷҳизоти мазкур аз 70 комплекси техникаи муосир, аз ҷумла реанимобил иборат аст. Ин таҷҳизот бо қарзи Бонки рушди Саудӣ дастрас шудааст. Дар бораи ба кадом муҳлат ва бо чанд фоиз дастрас шудани қарз ҷаноби Маҳмадов маълумот надорад.

Ба қавли вай, таҷҳизот дар шуъбаи таваллудхонаи вилоятӣ, ки айни замон он ҷо корҳои азнавсозӣ ва таъмири асосӣ ҷараён доранд, насб карда хоҳад шуд. Муассисаи тиббии мазкур дорои 210 кат барои беморон буда, дар ин ҷо дар як моҳ ба ҳисоби миёна 418 нафар занон таваллуд мекунанд. Соли 2011 дар ин муассисаи тиббӣ барои таваллуд 5016 нафар занон қабул карда шуданд.