Аз 23 то 25-уми марти соли равон дар ноҳияи Панҷакент се муассисаи тиббӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки бо маблағҳои сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва Дафтари Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон таъмир ва бунёд гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи тандурустии ҳукумати шаҳри Панҷакент Муродалӣ Насриддинов хабар дод, рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар ҷамоати Шинг дармонгоҳи қитъавӣ барои 20 кат ва Маркази солимии деҳот ба фаъолият оғоз кард.

Масолеҳи сохтмон барои таъмиру бунёди ин муассисаҳоро Барномаи рушди СММ ҷудо карда, онҳо тариқи ҳашар аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дар муддати 8 моҳ сохта шуданд.

Ба гуфтаи Насриддинов, ду рӯз пештар аз ифтитоҳи ин муассисаҳо дар шаҳри Панҷакент баъди аз таъмири асосӣ баровардан, таваллудхона ба истифода дода шуд. Арзиши тамоми корҳои сохтмониро, ки маблағи умумии он 103 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон пардохт намуд.

Номбурда ҳамчунин гуфт, таҷҳизот барои иншооти мазкур аз ҷониби Раёсати тандурустии вилоят таъмин гардида, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои харидани мебел маблағ ҷудо карданд.