Мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, иҷлосияи нӯҳуми   Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум 12-уми апрели соли равон доир мегардад.

Тавре сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар иҷлосия ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. «Оид ба натиҷаи фаъолияти сохторҳои муҳандисии ҳаётан муҳими шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 ва вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013» баррасӣ мешавад.

« Ҳамчунин ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. «Дар бораи рафти татбиқи  Барномаи комплексии рушд ва ҷалби сармояҳо дар истеҳсолоти саноатии шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2015 ва ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  аз ҳавзаи интихоботии №2 Наҷмиддинов М.С. оид ба иҷрои ваколатҳои худ», - шунида хоҳанд шуд», - гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, оид ба омода намудани масъалаҳои иҷлосияи нӯҳуми  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.