Чанде қабл вохӯрии Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Девонаев С.А. бо Раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон Исомуддинов Салоҳиддин доир гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, зимни мулоқот, Сардори Хадамоти муҳоҷират нахуст дар бораи самтҳои асосии фаъолияти Хадамоти муҳоҷират маълумоти муфассал дода, аз вазъи кунунии муҳоҷират ва ояндаи ин раванд дар ҷаҳон сухан ронда, раванди муҳоҷиратро ҳамчун падидаи ҷаҳонӣ барои давлатҳо ва миллатҳо арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин илова намуд, ки «Бо истифода аз таҷрибаи бархе аз кишварҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, мо шоҳиди дастовардҳои рӯзафзун ва бузург дар соҳаи технологияи пешрафта ва сохтмони иншоотҳои замонавӣ ва муосир бо ҷалби сармояҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзии онҳо ҳастем».

Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ моро зарур аст, ҳамкориҳоро бо тамоми ҳамватанони бурунмарзӣ ва диаспораҳо, инчунин бо ҷамъияту созмонҳое,ки дар хориҷи кишвар машғули кору фаъолият мебошанд, дар якҷоягӣ бо Анҷумани пайванд ба роҳ монем.

Ин пешниҳод аз тарафи Раиси Анҷумани пайванд Исомуддинов Салоҳиддин пазируфта шуда, иброз дошт, ки « Мо ҷонибдори ин иќдоми нек ва андешаи созанда мебошем».

Раиси Анҷумани пайванд Салоҳиддин Исомуддинов дар идомаи мулоқот, омодагии хешро ҷиҳати ҳамкориҳо босамар байни Хадамоти муҳоҷират ва Анҷумани пайванд иброз дошт.

Қарор шуд, ки созишномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар моҳҳои оянда ба имзо расад.

Дар хотима, ҷонибҳо омодагии хешро баҳри ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.