Имрӯз дар «Президент отел»-и шаҳри Маскав Ҳамоиши чоруми байнулмилалӣ таҳти унвони «Муҳоҷират дар Русия: ҳамкорӣ ва амният» ба кор оғоз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиахолдинги тоҷикии TAJINFO дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дод, дар кори ҳамоиш, ки аз ҷониби Федератсияи муҳоҷирони Русия дар ҳамдастӣ бо Палатаи ҷамъиятии Русия созмон дода шудааст, намояндагони маъмурияти президент ва ҳукумати Русия, вакилони Думаи Давлатӣ ва Шӯрои Федератсия, намояндагони ҳукуматҳои минтақаҳо, роҳбарони созмонҳои ҷамъиятиву байнулмилалӣ ва намояндагони диаспораҳои миллӣ – дар маҷмуъ беш аз сад иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ ширкат меварзанд.

«Ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти муҳоҷирати дохиливу хориҷӣ аз ҳадафҳои аслии ҳамоиш аст, - иброз дошт Эгамзод. – Дар ҳамоиш баррасии масоили марбут ба мусоидат ҷиҳати муттаҳид будани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат дар таҳияи назари ягона ва тавсияҳо оид ба танзими минбаъдаи раванди муҳоҷират ва таъмини амният дар Русия баррасӣ мешаванд».

Номбурда афзуд, миёни иштирокдорони ҳамоиш атрофи масоили мусоидат ба таҳаммулпазирона аз ҷониби шаҳрвандони Русия ва пеш аз ҳама ҷавонон қабул кардани фарҳангу анъанаҳои халқҳои дигар низ табодули афкор сурат хоҳад гирифт.