Ташкилоти қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕЙШНЛ» созишномаи қарзии навбатиро бо Корпаратсияи байналхалқии молиявӣ- аъзои гурӯҳи Бонки умумҷаҳонӣ ба имзо расонд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баимзорасии созишномаи қарзиро дар Тоҷикистон  нек арзёбӣ намуд. Иброз дошт, ки ин ҳамкорӣ бояд ба рушди иқтисодии мамлакат такони ҷиддӣ бахшад. Ташкилоти қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕЙШНЛ» ташкилоти қарзии хурди бузургтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, наздик 40 фоизи мизоҷонаш бонувон мебошанд. Дар натиҷаи ҳамкорӣ  800 ҷои кори холӣ таъсис ёфта, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат мадад мерасонад.

Раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наврӯз Валиев    қайд кард, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми  ноҳияҳои дурдаст зиёд гардондани захираҳои қарзӣ ва ёрӣ ба онҳо иқдоми нек аст.  Қарз ба маблағи 5 миллион доллари ИМА ба ИМОН ИНТЕРНЕЙШНЛ имконият медиҳад, ки сафи мизоҷонро зиёд намояд, шароити хуби дастрас намудани қарзро фароҳам оварад, барои ривоҷи соҳибкорӣ мадад расонад. 

Раиси  Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ оид ба бозорҳои молиявӣ ва фондҳои сармояи хусусӣ дар Аврупо, Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ ҷаноби Офтоб Аҳмад қайд намуд, ки яке аз самтҳои стратегии Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ дар Тоҷикистон васеъ намудани соҳаи қарзии хурд мебошад, ки он асоси муҳими ҳавасманд кардани соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи хусусӣ ба соҳаи молия аст. Ҳамкорӣ боз аз он ҷиҳат ба соҳибкорони хурди Тоҷикистон кӯмак мерасонад, ки аксари онҳо бори аввал ба соҳаи молияи расмӣ дастрасӣ пайдо кардаанд.

Директори генералии Ташкилоти қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕЙШНЛ» С. Шарифова  ба иштирокдорон ва меҳмонон сипос гуфта, иброз дошт, ташкилот  калонтарин созмони  қарзии хурд дар Тоҷикистон буда, 12 сол қабл ба фаъолият пардохтааст ва дастгирии табақаи камбизоати аҳолиро пешаи асосӣ қарор додааст. Ҳаҷми сандуқи қарзии «ИМОН ИНТЕРНЕЙШНЛ»  айни замон 240 млн сомонӣ буда, дар 39 манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 80 намояндагии он ба мизоҷон хизмат мерасонад. Шумораи умумии мизоҷон зиёда аз 46 000 нафар буда, 37 фоизи онҳо занонанд.

Сипас Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ва раиси  Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ ҷаноби Офтоб Аҳмад созишномаи қарзиро имзо намуданд.