Дар шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб кафедраи мустақили журналистика ифтитоҳ гардид.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ректори донишгоҳ Нуралӣ Солеҳов иброз дошт, ки ин иқдом ба беҳбуди сатҳи дониш ва сатҳи ҳирфавии журналистони ояндаи ҳам васоити ахбори умуми чопӣ ва ҳам электронӣ мусоидат мекунад.

Ба қавли ӯ, дар муддати се соли фаъолияти шуъба ба он омӯзгорони соҳибтаҷриба ба кор қабул шуданд. «Ба кафедра журналисткаи телевизиони «Сафина» дар минтақаи Кӯлоб Шарофат Худойдодова, ки рисолаи номазадиашро дар мавзӯйи журналистика  дифоъ намуд, роҳбарӣ мекунад», - гуфт ректор.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар 8 факултаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 35 кафедраҳои гуногун фаъолият дошта, дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ аз рӯйи 26 ихтисос ҳудуди 7 ҳазор донишҷӯён таҳсили илм мекунанд.