Дар Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ комилан бекор карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, айни замон маҷрои дарёи Вахш, ки дар он нерӯгоҳи барқии асосии кишвар – Норак ҷойгир шудааст, 700 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, акнун аз ин ба баъд бо дилпурӣ метавон гуфт, ки тамоми истеъмолгарон мунтазам бо нерӯи барқ таъмин карда хоҳанд шуд.

Ғайр аз ин, зикр гардид, ки феълан дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи апрел ширкати мазкур изҳор дошта буд, ки лимити истифода барқ дар кишвар муваққатан бекор шуд ва дар сурати афзудани маҷрои дарёи Вахш он расман аз байн бардошта мешавад.

Дар Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ моҳи октябри соли гузашта ҷорӣ гардида буд.