Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов зимни сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиён аз он изҳори норозигӣ баён кард, ки дар муддати 5 соли ахир дар ин ноҳия ягон корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор нагирифтааст.

Раиси вилоят аз он изҳори тааҷҷуб намуд, ки чаро соҳибкорони ноҳия ба ифтитоҳи корхонаҳои хурди саноатӣ дар ноҳия кӯшиш ба харҷ намедиҳанд. Ӯ ба роҳбарони ҷамоатҳо ва муовинони раиси ноҳия супориш дод, ки дар фурсати кӯтоҳтарин бо соҳибкорон гуфтушунид анҷом дода, онҳоро ба кушодани корхонаҳои хурд муътақид созанд ва дар муддати ду соли наздик дар ноҳия ҳадди ақалл се корхона ба фаъолият шуруъ кунад.

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки қаблан ба тамоми раисони шаҳру навоҳӣ супориш дода буд, ки фермаҳои куҳнаро ба ихтиёри соҳибкорони ба рушди тичорат дар соҳаи чорводорӣ манфиатдор диҳанд, вале то ҳанӯз дар ин самт беҳбудие ба чашм намерасад.

«Ҷанобон, то кай шаҳрвандони мо баҳри ҷустуҷӯйи кор ба хориҷи кишвар мераванд? Вақти он расидааст, ки корхонаҳои истеҳсолии худро боз ва аҳолиро бо ҷойҳои корӣ таъмин намуд», - гуфт зимни вохӯрӣ бо фаъолони ноҳия Ғайбулло Авзалов.