Дар бораи таҷлили ҷашни 67-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба имзо расид.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, тибқи қарори мазкур,  бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиёни ҷанг, посдории хотираи шаҳидон  ва тарбия намудани наслҳои ҷавон  дар рӯҳияи ватандӯстӣ  санаи 9 майи соли 2012  67 - солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  дар қаламрави вилояти Суғд ботантана таҷлил карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳайъати  кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, дар он  оро додани шаҳру деҳоти вилоят бо шиору овезаҳо, аёдати  иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони барҷомонда ва оилаҳои сарбозони ҳалокгашта, ташкили вохӯриву мулоқотҳо бо собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, баргузор намудани ҳашарҳо  дар оромгоҳҳо, муҷассамаҳои ба хотири шаҳидони ҷанг гузошташуда, гузаронидани ҳафтаи «Поси хотир», ташкили мусобиқаҳои варзишӣ  ба муносибати Иди Ғалаба ва таҷлили ботантанаи  ҷашн дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар аст.