Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид ба воридоти маҳсулоти ғизоӣ барои 80 ҳазор нафар мардуми осебпазир дар Тоҷикистон оғоз кард.

Тавре дар иттилоияи созмон зикр мегардад, кӯмаки мазкур бинобар сабаби сардӣ ва муддати дароз давом ёфтани фасли зимистон, ки ба аҳолии Тоҷикистон мушкилоти зиёд пеш овард, пешниҳод карда мешавад.

«Зимистони имсола миллионҳо тоҷикистониён маҷбур буданд, ки барои маводи сӯхт маблағҳои зиёд масраф намоянд ва акнун дар вазъи гарон будани қимати маводи ғизойӣ, аксари мардум ба харидории маҳсулоти озуқаи кофӣ барои рӯзгузаронии оилаи худ қодир нестанд», - мегӯяд директори Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ Алзира Феррейра.

Гуфта мешавад, кӯмак аз маводи ғизойи маҳсулоти витаминдори ғизододашуда – орд, равғани растанӣ, нахӯд ва намаки йоднокшуда барои ду моҳ иборат аст.

Зикр мегардад, кӯмак ба сокинони водии Рашт ва вилоятҳои Суғду Хатлон расонида мешавад. Дар минтақаҳои мазкур аксари оилаҳо бар асари боришоти зиёд ва офати табиӣ ҳосил ва чорворо талаф доданд.