Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки сафири ИМА  дар Тоҷикистон Кен Гросс маросими кушодашавии гӯшаи Амрико баргузор гардид. Дар маросим инчунин, директор ва кормандони Китобхонаи миллӣ, намояндагони Ҳукумат, роҳбарони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ректорони донишгоҳҳо, муаллимон ва донишҷӯён иштирок карданд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, нахустин Гӯшаи Амрико дар Душанбе дарҳои худро соли 2005 дар китобхонаи Академияи илмҳо боз кард. Дар вақти маросим, Сафир Гросс шарҳ дод, “Бо зиёд шудани шумораи истифодабарандагони гӯша ва муввафақ шудани барномаҳоямон, эҳтиёҷ ба ҷои васеътар пайдо гардид. Мо аз қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷойгир кардани Гӯшаи Амрикои дар Китобхонаи Миллӣ бисёр хушҳол шудем.”

Ҳамзамон, сафорати ИМА гӯшаҳои Амрикоро дар Душанбе, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд ва Ғарм дастгирӣ мекунад. Ҳар як гӯшаи Амрико бо саҳифаи интернетии ройгон барои ҳадафҳои таълимотӣ, маводҳои ройгон барои омӯзиши забони англисӣ, маълумотномаҳо дар бораи барномаҳои Ҳукумати ИМА, машварати маорифӣ тахмин намуда, ба ташкил клубҳои мухталиф мусоидат менамоянд. Гӯшаҳои Амрико яке аз роҳҳои мухталиф мебошанд, ки тавассути он мардуми Амрико ҷавонони Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд.

Ҳоло Гӯшаи Амрико дар Душанбе дар ошёнаи 4-ми Китобхонаи миллӣ ҷойгир аст. Барои ворид шудан ба Китобхонаи миллӣ корти китобхона лозим аст. Кортҳо мӯҳлати эътибории 3-сола дошта, барои ворид шудан ба китобхона, аз ҷумла Гӯшаи Амрико, дар даромадгоҳи китобхона бо маблағи 10 сомонӣ дастрас мегардад.