Барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ» ва «Барномаи стипендиявӣ»-и Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 апрели соли 2012 дар бинои Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе Ярмаркаи солонаи таълимиро мегузаронанд.

Тавре аз ташкилоти мазкур хабар доданд, дар ярмарка ба ҳамаи хоҳишмандон, ки аксарияташонро донишҷӯён, мактаббачагон ва мутахассисони ҷавон ташкил мекунанд, имконият дода мешавад, то дар бораи барномаҳои таълимие, ки дар мамлакатҳои ИДМ ва берун аз он мавҷуданд, иттилооти зарурӣ ба даст оранд.

Дар чаҳорчӯби Ярмаркаи солонаи таълимӣ намояндагони ташкилотҳои мазкур дар бораи системаи таълим дар хориҷа, тартиби тайёр кардани маҷмӯи ҳуҷҷатҳо ва супурдани тестҳо барои таҳсил дар хориҷа, инчунин дар бораи шартҳои гирифтани кӯмаки молиявӣ лексияҳои машваратӣ мегузаронанд. Шахсони манфиатдор метавонанд оид ба барномаҳои дилхоҳашон бевосита дар ярмарка саволномаю брошюраҳо пайдо кунанд.

Ярмаркаи таълимӣ аз соли 2001 оғоз гирифта, имсол даҳумин маротиба барпо мегардад. Соли 2011 тақрибан 4000 нафар ба ин чорабинӣ ташриф оварданд.