Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ имрўз дар саросари кишвар даври аввали чорабинии бекирмгардонӣ дар байни кўдакону наврасон ва занони қобили таваллуд оғоз  гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи ин чорабинӣ, ки дар мактаби таҳсилоти умумии №20 пойтахт доир гардид, муовини вазири тандурустӣ Аъзамҷон Мирзоев, сафири ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Кен  Гросс, роҳбари дафтари  Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Павел Урсу зимни суханрониҳои хеш иброз доштанд, ки ин чорабиниҳо ба хотири ҳифзи сиҳатии насли наврас буда, ба таъмини тандурустии сокинони кишвар  равона шудааст.

Чорабинии мазкур дар ду давр, аз 16 то 27 апрел ва аз 17 то 28 сентябр гузаронида мешавад ва он кўдакони аз 1 то 17 сола ва занони қобили таваллудро дарбар мегирад. Ба кўдакон ва занони қобили таваллуд дар марказҳои саломатии ҷои истиқомат ва ба кўдакону наврасони синни мактабӣ бошад дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ  доруи Албендозол тақсим карда дода  мешавад.

Дар даври аввал беш аз 2 миллиону 600 ҳазор нафар кўдакону наврасон ва занони қобили таваллуд  ва дар даври дуввум наздики 1 миллиону 700 ҳазор нафар мактаббачагони синфҳои 1-11 ба ин чорабинӣ фаро гирифта хоҳанд шуд. Доруҳои Албендазол ва Празиквантел, ки барои бекирмгардонӣ истифода мешаванд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба қайд гирифта шудаанд.

Вазорати тандурустӣ  барои боз ҳам хубтару самарабахш гузаронидани ин чорабинӣ ва бо мақсади фаро гирифтани тамоми гурўҳҳои мақсадноки аҳолӣ кормандони васоити ахбори омма ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои кишварро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.