Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳонро пешкаши умум гардонид.
Ин рӯйхат шурӯъ аз соли 2009 ҳамасола бо дастгирии Маркази ҳусни тафоҳуми мусулмониву христиании ба номи шоҳзода Ал-Валид бинии Талял дар Ҷорҷтаун ба нашр мерасад.
Муҳаррири нашр, профессори фахрии Донишгоҳи Амрико дар Қоҳира Абдулло Шлейфер дар ин робита изҳор кардааст, ки «ҳам олими бевосита бо мусалмонону масоили динӣ сарукордошта ва ҳам ҳокими таъсиргузор ба ташаккули муҳити иҷтимоиву иқтисодии мусоид, мусалмони маъруфу бонуфуз буда метавонад».
Миёни сарони кишварҳои собиқи шӯравӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба рӯйхати мазкур шомил гардидаанд.
Дар ин рӯйхат волоҳазрат шоҳзода Карим Оғохони IV – пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар мақоми 31-ум қарор дорад.
Мақоми аввал дар рӯйхати мусалмонони обрӯмандтарини ҷаҳонро шоҳи Арабистони Саъудӣ Абдулло ибни Абдулазиз касб намуда, зинаи дуюмро нахуствазири Туркия Раҷаб Таййиб Урдуғон ва ҷойи сеюмро шоҳи Марокаш Муҳаммади VI ишғол намудаанд.
Дар зинаҳои аввали рӯйхат раҳбари маънавии созмони «Бародарони мусалмон» Муҳаммад Бадӣ, амири Қатар Ҳамад бинни Халифа Ат-Танӣ, шайхи Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср Аҳмад-ат-Тайиб, олими маъруфи ҷаҳони ислом Ал-Қардовӣ ва дигар чеҳраҳои шинохта ҳузур доранд.




Футбол бо як пой. Чӣ гуна Неъматуллои 11-сола ҳамара ба ҳайрат овард?
Парлумони Тоҷикистон Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро қабул кард
Имзои қариб 30 созишнома ба маблағи $3 млрд дар рӯзи аввали ҳамоиши байналмилалии "Dushanbe Invest–2025"
Вазири саноат: “Тоҷикистон аввалин кишвари истеҳсолкунандаи литий дар фазои ИДМ хоҳад буд”
Таҳсил дар коллеҷҳо як сол кам шуд. Дар Тоҷикистон шаклҳои нави таҳсил қабул гардид
Боздошти писар бо гумони латукӯб ва куштори падар дар Суғд
Ғалабаи дуввуми тими миллии футболи Тоҷикистон дар муқобили Малдив
Интернети моҳворавӣ дар Тоҷикистон. Хадамоти алоқа бо ширкати “Starlink” созишнома имзо кардааст
Оғози ҳуҷҷатсупорӣ барои дарёфти идрорпулии "Дурахшандагон". Кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста