Рӯзи 17-уми апрел дар толори Бетховени Театри калони академии Русия маросими пуршукӯҳи тақдими ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – «Ситораҳои Иттиҳод» доир гардид.
Ба академики Академияи улуми Тоҷикистон, олими маъруф Далер Почоҷонов ҷоизаи асосии башрдӯстонаи ИДМ – «Ситораҳои Иттиҳод» тақдим карда шуд.
Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин маросим ходимони маъруфи давлатӣ ва ҷамъиятии Русия ва кишварҳои хориҷӣ, дипломатҳо, адибон, роҳбарони муассисаҳои таълимиву илмӣ ва ҷавонон ҳузур доштанд.
Тоҷикистонро сафири ҷумҳурӣ дар Русия Абдулмаҷид Достиев, президенти Академияи улуми ҶТ Фарҳод Раҳимов ва аъзои оилаи олими ба ҷоиза сазоворгардида намояндагӣ карданд.
Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин академики Академияи миллии улуми Украина Борис Патон, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, коргардони театр Олег Табаков, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Қазоқистон Бибигул Тулегенова, Рассоми халқии Озарбойҷон Элдар Умар ва дигар ходимони шоистаи илму фарҳанг, дар маҷмӯъ 9 нафар аз кишварҳои узви ИДМ ба ин ҷоиза соҳиб шуданд.
Кадом рӯзҳо ва бо чанд пул метавон аз Душанбе ба Тошканд парвоз кард?
Даргузашти овозхони маъруф Бобоҷон Азизов дар синни 70-солагӣ
Тоҷикистону Эрон барои такмили нақби “Истиқлол” дигарбора ба тавофуқ расиданд
Умед Бобохонов: "Мо аз як нашрияи муваффақ даст намекашем"
Тӯли 8 сол дороиҳои роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон қариб 8 баробар афзуданд
Ҷаримаи 150 ронандаи автомашинаҳои боркаш дар Душанбе
Пешниҳоди то 30 000 сомонӣ қарзи бе гарав ва бе зомин аз “Бонки Эсхата”
“Корвон” 72 хонаро барои сохтмони бозори нав харид
Байден фармонҳои Трампро бекор кард
Human Rights Watch хостори озод кардани Бобои Дона шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста