Шоми дирӯз, 8 октябр пас аз бемории начандон тӯлонӣ Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, омӯзгор Ҳабиба Каримова, модари муовини нахуствазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ дар синни 93-солагӣ дар шаҳри Конибодом аз олам даргузашт.
Ҷанозаи марҳум нимаи имрӯз дар масҷиди «Тезгузар»-и шаҳри Конибодом баргузор мешавад.
Ҳабиба Каримова 5 сентябри соли 1923 таваллуд шудааст. Фаъолияти кории ӯ аз соли 1937 дар омӯзишгоҳи педагогии Конибодом оғоз гардида, то соли 1942 ба ҳайси муаллимаи синфҳои ибтидоӣ дар мактаби миёнаи ба номи В.Чапаев кор кардааст. Соли 1942 Ҳабиба Каримова ба унвони «Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.
Аз соли 1942 то соли 1949 мудири қисми илмӣ, сипас аз соли 1949 то соли 1985 вазифаи директори мактаби ба номи Чапаеви шаҳри Конибодомро ба уҳда дошт. Соли 1959 Донишкадаи педагогии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Давоми солҳои гуногун вакили Анҷумани умумиитифоқии омӯзгорони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Анҷумани омӯзгорони Тоҷикистон интихоб шудааст.
Соли 1978 Ҳабиба Каримова ба унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ қадрдонӣ шуда, дорандаи ду ордени Ленин ва медалҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ аст.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба хешону наздикони марҳум самимона ҳамдардӣ изҳор намуда, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳанд.




Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста