Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе кӯчаи Соҳилии пойтахт ба ифтихори нахустин сарвазири Тоҷикистон Иззатулло Ҳаёев номгузорӣ шуд, ки моҳи апрели соли гузашта аз олам даргузашта буд.

Иззатулло Ҳаёев 22 июни соли 1936 дар ноҳияи Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушода, давоми солҳои 1986-1990 ба ҳайси раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ва солҳои 1991-1992 дар мансаби нахустин сарвазири Тоҷикистони соҳибистиқлол ифои вазифа кардааст.

Ғайр аз ин, бо қарори Маҷлиси вакилони пойтахт яке аз гузаргоҳҳои кӯчаи Шестопалов ба номи ходими давлатӣ Собир Абдуллоев ва кӯчаи Фадеев ба номи собиқ раиси ноҳияи Синои пойтахт Зафар Сафарзода гузошта шуд. Зафар Сафарзода моҳи майи ҳамин сол фавтида буд.

Қобили зикр аст, ки моҳи августи соли равон васоити ахбори умуми Русия доир ба табдили номи кӯчаву хиёбонҳо дар пойтахти Тоҷикистон маводҳои пурсарусадо ва ҳангоманок ба нашр расонида, дар онҳо изҳори нигаронӣ карданд, ки «Тоҷикистон роҳи Украина»-ро такрор карда, насли ҷавон хоҳиши арҷу эҳтироми таърихи кишвари худро надорад.

Ин сарусадову ҳангомаҳои васоити ахбори умуми Русия аксариятро дар Душанбе ба тааҷҷуб овард, ки чаро Русия ба ин гунае ба табдили номи кӯчаву хиёбонҳо дар Душанбе вокуниш нишон медиҳад?

Сергей Абашин, доктори улуми таърих, профессори Донишгоҳии аврупоӣ дар Санкт-Петербург дар ин робита изҳор намудааст, ки вокуниши Русия дар сатҳи идораи сиёсати хориҷӣ ба қарори ҳукуматдорони Тоҷикистон оид ба тағйири номи кӯчаву хиёбонҳо дар таҷрибаи муносибатҳо миёни давлатҳо бесобиқа аст.

«Раванди тағйири номи кӯчаҳо на ба ҷумҳурӣ, балки ба мақомоти маҳаллии ҳокимият ва сокинони ин мавзеъҳо дахл дорад. Дар ин ҳолат далеле боиси ҳайрат аст, ки ҳукуматдорони кишваре, ки кайҳост низ коммунистӣ нест, аз дигар кишварҳо ҳифзу нигаҳдории мероси коммунистиро интизоранд. Дар худи Русия раванди табдили номи номгӯйҳои ҷуғрофӣ фаъолона ҷараён дорад. Масалан, шаҳре, ки ман дар он иқомат дорам, қаблан Ленинград ном дошт, вале ҳозир Санкт-Петербург аст», - зикр кардааст профессор.

Ба гуфтаи ӯ, дар қаламрави Русия низ кӯчаву хиёбонҳо табдили ном ва даҳҳо ҳайкалу нимпайкараҳое, ки ба даврони шӯравӣ ягон муносибате доштанд кӯчонида ё аз миён бардошта шуданд ва аз ин рӯ, Русия ба танқиди дигар кишварҳое, ки аз рамзҳои собиқ шӯравӣ халос шуданианд, ҳуқуқи маънавӣ надорад.