Дар синни 9-солагӣ духтари сокини шаҳри Маскав Валя ба муҳоҷири 16-солаи тоҷик Ҳабиб Патахонов ошиқ шуд, ки дар хонаи бибии Валя иҷора менишаст. Ишқи онҳо фарзанд ба бор овард.

Нисбати муҳоҷири тоҷик парвандаи ҷиноӣ боз шуда, вале онҳо аҳли ҷомеа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро муътақид сохтанд, ки ба онҳо барои тарбия ва издивоҷ (баъди ба синни баоғат расидани духтар) имкон диҳанд. Аминаи хурдсолро муддати чандин сол бибии Валя тарбия карда, палари ҷавон ба ӯ кумак мекард.

Соли 2017 Ҳабибу Валентинна (аллакай 17-сола) издивоҷ карда, баъди се сол дар ин оила фарзанди дуюм - Амир ба дунё омад. Онҳо дар хонаи бибии Валя иқомат дошта, Валентина дар мағоза ба ҳайси фурӯшанда ва Ҳабиб дар анбор кор мекарданд. Дар яке аз мусоҳибаҳои охири худ онҳо ба журналистон изҳор дошта буданд, ки зиндагии хушу осуда доранд.


Лекин аввали тобистони соли равон, моҳи июн Ҳабиб ба мақомоти пулис дар бораи бедарак шудани ҳамсараш муроҷиат карда, маълум шуд, ки духтар аз хонаашон ба назди дугонааш гурехтааст. Дар мусоҳиба Валя иқрор шуд, ки афсонаи шарқии ӯ ба охир расида, барои мунтазамамавриди лату кӯб қарор гирифтан хонаро тарк кардааст.


«Ман назди дугонаам рафтам, дар хона зиндагӣ карда наметавонам, зеро шавҳарам доимо маро мезанад. Ӯ ду ҳафта маро дар хона нигоҳ дошта, ба ҳеҷ куҷо баромадан нагузошт, то осори латукӯбам ошкор нашавад. Вале мо алҳол ҳамроҳ ва ҷудо шуданӣ нестем», - ҳикоят кардааст духтар ба журналистони LifeNews.

Ба гуфтаи Валя, зиндагии осудаи онҳоро рашки беҳад зиёди Ҳабиб халалдор мекунад ва ӯ (духтар ҳанӯз 21-сола аст) алҳол намедонад, ки раҳоӣ аз ин вазъ чист.

Барномаи «Пусть говорят» низ ба ин қазия рӯшанӣ андохтанӣ шуд.