Боғдорони шаҳри Турсунзода имсол ҳосили хуби ангур парвариш кардаанд. Барои шаҳри Турсунзода ин маъмулӣ аст, зеро деҳқонон ба ангурзорони худ меҳру муҳаббати хос доранд…

Тирамоҳи имсол навъҳои хубу писандидаи ангур пухта расиданд. Аз як навъи он шароб (вино) тайёр мекунанду аз навъи дигар афшураву нӯшокӣ ва аз навъи сеюм мавизу компот ва мураббои бомаза ҳосил мешавад.

Ангурпарварони шаҳри Турсунзода мегӯянд, ҳосили имсолаи ангур ба ҳама мерасад - ҳам барои бозори дохиливу ҳам барои содирот, аз ҳама муҳимаш обуҳавои хуб бошад.