Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, духтари Эмомалӣ Раҳмон падарашро бо 65-солагӣ табрик гуфта, санаи 5 октябр ба ӯ навори видео ирсол намуд. Ин навори видеои табрикотӣ дар саҳифаи хадамоти матбуоти Сарвари давлат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шудааст.