Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 960 адад парвоз тариқи хатсайрҳоро сабт намудааст, ки бо таъхир анҷом дода шудаанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин рақам ба 747 адад баробар буд.

Дар маълумоти фурудгоҳ қайд мешавад, ки аксари ҳодисаҳои ба таъхир афтодани парвозҳо дар соли ҷорӣ (644 парвоз) бо сабаби дермонии ҳавопаймоҳо аз дигар фурудгоҳҳо сурат гирифтааст.

Ғайр аз ин, 182 ҳодисаи мутаваққиф шудани парвози ҳавопаймоҳо ба «дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) марбут дониста мешавад.

Боз 55 парвози ҳавопаймоҳо бинобар сабаби номуосидии обуҳаво ва 18 парвози дигар ба иллати ҷорӣ будани реҷа ва ғайра ба вақти дертар гузаронида шудааст. Дар маълумот зикр намегардад, ки маҳз парвози кадом ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо таъхир анҷом дода шудааст.

Гуфта мешавад, фурудгоҳи Душанбе дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба беш аз 955 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,3 ҳазор нафар мусофир ё худ 12,1% зиёдтар мебошад.

Айни замон дар бозори Тоҷикистон 15 ширкати ҳавопаймоӣ ба мусофиркашонӣ ҳуқуқ доранд, ки 2-тоашон - «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ширкатҳои ватанӣ мебошанд.

Ширкатҳои хориҷии зерин дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро доранд: «Оренбургские авиалинии», «Уральские Авиалинии», «Сибирь», UTair (ҳамааш Русия), Avia Traffic Company ва  Air Manas (ҳарду Қирғизистон), Fly Dubai (АМА), Turkish Airlines (Туркия), China Southern Airlines (Чин), Asman Airlines (Эрон),  Kam Air (Афғонистон), «Эйр Астана» (Қазоқистон), Uzbekistan Havo Yullary (Ӯзбекистон).