Санаи 28 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи аниматсия ҷашн гирифта мешавад. Дар ҷашни касбии худ рассоми таҳиягари мултфилм ё худ филмҳои тасвирӣ Ҳусейн Чиллаев ба таври аёнӣ чӣ гуна наворбардорӣ шудани ин навъи филмҳоро нишон дод.

Тибқи қоидаҳои ин навъи филмҳо ҳар як сония бояд 24 расмро дар бар гирад, лекин дар мултфилмҳои тоҷикӣ он аз 4-8 кадр иборат аст. Ин ба гунаи мисол, ду қадам задани қаҳрамони филм мебошад.

Барои муқоиса: барои таҳияи мултфилми 120-дақиқагии «Монстры на каникулах-2» муддати 2 сол 103 нафар аниматорон, 25 ҷобаҷогузорони кадрҳо, 34 мутахассиси тобишҳои махсус ва ғайра кор карданд. Дар ҳолати мо бошад, дар аниматсия баъзан танҳо як нафар кор мекунад, ки худаш ҳам таҳиягар, ҳам корардон ва ҳам аниматор мебошад.