Тарбиятгирандагони мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ бо мусоидати Ташкилоти ҷамъиятии «Маъюбони ҷанги Афғонистон» аз маркази асосии Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ДТММ,ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон боздид карданд.

Меҳмононро роҳбари ДТММ генерал майор Хуршед Маҳмадзода пешвоз гирифта, ба онҳо доир ба нақши ДТММ дар таъмини амнияти ҷумҳурӣ шинос кард. Тарбиятгирандагон ҳамчунин бо техникаи махсуси ин воҳиди милитсия, аз қабили  «Тигр» и «Хаммер», мошинҳои бокаши махсус бо обпошакҳо, техникаи зиреҳпӯш ва ғайра аз наздик шинос шуданд.

Сипас наврасон тамринҳои кормандони Дастаи таъиноти махсуси милисаро зимни амалиёти безарар гардонидани гурӯҳи мусаллаҳ дар бинои бисёрошёна тамошо каррданд. Ҳамчунин сагҳои омӯзонидашуда низ маҳорату малакаи худро дар дарёфти бехатои силоҳи пинҳоншуда ва маводи тарканда намоиш доданд.

Ғайр аз ин, кӯдакону наврасон аз майдони тамринии тирандозии воҳиди Дастаи таъиноти махсус низ боздид намуда, дар фарҷом наврасонро бо оши палови бомаза ва шириниҳо зиёфат карданд.

1/14

- Таассуроти кӯдакону наврасон аз ин боздид хеле хубу пандомӯз аст. Чунин боздидҳо барои тарбиягиранагони мо хеле муфиданд, аксари онҳо оянда кормандони милитсияву низомӣ шуданианд. Умедворам, ки боздид аз ин воҳиди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба тарбияи онҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба ватан кумак мекунад, - мегӯяд муовини директори қисми тарбиявии мактаби махсус Малоҳат Эмомова.