Сарулибоси кормандони вазорату идораҳо дар Тоҷикистон ягона ва мутобиқ ба нишон ё аломати фарқкунандаи ин ё он вазорату идора хоҳад шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Расман тасдиқ ё инкор кардани маълумоти зикршуда ба «Азия-Плюс» алҳол муяссар нашуда, аммо тибқи иттилои як манбаъ дар Вазорати фарҳанги кишвар, вазорат барои навъҳои сарулибоси занона бо услуби миллӣ тарҳҳо омода намудааст.

«Назди лоиҳаи мо вазифа гузошта нашуда буд, ки барои идораҳои ҷудогона либоси ягона омода намоем, онҳо (кумитаву вазоратҳо) худашон мустақилона барои худ шакли сарулибосро интихоб карда метавонанд», - гуфтанд дар вазорат.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои манбаи «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ, пешбинӣ мешавад, ки шакли либоси кормандони дастгоҳи иҷроияи президент ранги мавҷҳои баҳриро хоҳад дошт.

Ҳамчунин маълум аст, ки дар Кумитаи кор бо занон ва Кумитаи заминсозиву геодезия аллакай барои кормандонашон андозаи сарулибосро гирифтаанд.

Тарҳҳои сарулибоси миллии занона барои ҳамаи синунсол ва фасли солро се ниҳод - Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо занону оила ва Кумитаи ҷавонон ва варзиш таҳия намудаанд. 

Аммо ба иттилои манбаи «Азия-Плюс» онҳоро гӯё президенти Тоҷикистон маъқул нашуморидааст ва бинобар ин онҳо барои коркарди дубора ба муаллифонашон баргардонида шудаанд. Рӯи албоми тарҳҳо айни замон комиссияи махсус кор мекунад.