Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сари мавзӯи мушакафканӣ (салют)-и шаби 31 декабр дар Душанбе баҳсҳо ҷараён доранд. Сокинони пойтахт бо ваҷд аз эҳсосоти худ ба ҳамдигар ибрози назар мекунанд. Мо ба Шумо навори видеои шабакаи телевизиони «Тоҷикистон»-ро пешкаш месозем.

Қобили зикр аст, ки дар пойтахти Тоҷикистон шаби Соли нави 2018 бори нахуст аз 5 нуқта мушакафаканӣ сурат гирифт. Он муддати 4 дақиқа баъди анҷоми барномаи консертии солинавӣ дар майдони «Дӯстӣ» идома ёфт.