Дар навори видео Баҳриддин Исомуддинов зери мусиқии «I Will Survive»-и Глория Гэйнор дар соҳили кӯли Сарез дар фасли зимистон рақс мекунад. Навори видео дар саҳифаи корбар дар Facebook гузошта шудааст. Ин наворро ҳазорон нафар тамошо кардаанд.

Ӯ ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки видео нимаи моҳи декабри соли гузашта дар соҳили кӯли Сарез наворбардорӣ шудааст. Дар ин вақт ин ҷо ҳарорат то 10 дараҷа хунук шуда, шабона боз ҳам сардтар аст.