Ба муносибати соли равон дар Тоҷикистон эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон - «Тоҷик Эйр» асбобу анҷоми кӯҳнавардии меҳмонони хориҷиро бепул ба кишвар интиқол медиҳад.

Раиси ҶСК «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов зимни ҷаласаи парлумони кишвар изҳор намуд, ки ғайр аз ин, соли ҷорӣ ширкат арзиши билетҳои ҳавопаймоӣ барои гурӯҳҳои сайёҳонро поин мебарад.

«Нархи билетҳо барои сайёҳоне, ки дар ҳайати гурӯҳҳо ба Тоҷикистн меоянд, ба андозаи 5-10 фоиз кам карда мешавад», - иброз дошт номбурда.

Имрӯз палатаи поёнии парлумон аз тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018», ки мувофиқи онҳо ҳавопаймоҳо, локомотив ва вагонҳои воридшуда ба кишвар аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мешаванд, ҷонибдорӣ намуд.

Хайрулло Раҳимов қайд кард, ки ширкати миллии ҳавопаймоӣ имсол 2 ҳавопаймо ва муддати панҷ соли минбаъда боз 8 ҳавопаймо дастрас карданист. «Айни замон дар парки ширкат ҳамагӣ 3 ҳавопаймои коршоям фаъолият доранд», - гуфт ӯ.

Дар навбати худ муовини раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Усмон Қаландаров зикр намуд, ки соли 2020 аз 424 вагони мусофирбари имрӯз мавҷуда 384-тоаш аз эътибор соқит карда мешаванд.

Ӯ изҳори итминон кард, ки имтиёзҳои имрӯз ҷоришудаи андозӣ ба рушди соҳаи роҳи оҳани ҷумҳурӣ ва таъмини корхона бо локомотиву вагонҳои нав мусоидат менамоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.