Зимнан барои воридоти автомашинаҳои нав имтиёзҳо аз пардохти андоз пешниҳод мешаванд. Воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки на беш аз як сол пеш истеҳсол шудаанд, 50 фоиз аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод карда мешаванд.

Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки тағйироти дахлдор дар ин хусус ба Кодекси андоз санаи 7 феврал аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул ва ин иқдом бо ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз моҳи марти соли гузашта ба воридкунандагони автомашинаҳои хориҷӣ имтиёзҳо ҷорӣ шуда буданд: меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав ба кишвар 50 фоиз кам шуд.

Он замон автомашинаҳое нав шуморида мешуданд, ки на беш аз як сол пеш истеҳсол шуда, масофаи умумии тайкардаашон аз 10 ҳазор километр зиёд набошад. Ин навгонӣ ба ҳама навъи нақлиёт - боркашу мусофирбар, сабукрав ва махсус дахл дошт.

Дар баробари имтиёзҳо, ҳафтаи оянда, аз 15 феврал воридоти автомашинаҳои истеҳсолашон то соли 2005 ба Тоҷикистон манъ мешавад. Қарори ҳукумат дар ин бора 27 январи имсол ба имзо расида буд.

Зимни ҷаласаи васеи ҳукумат рӯзи 18 январ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти дахлдор баррасии масъалаи воридоти автомашинаҳои кӯҳна ба ҷумҳуриро дастур дода, аз зиёни бузурги онҳо ба вазъи экологӣ ва сербору сермошин будани роҳҳои пойтахт нигаронӣ изҳор намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.