Агентии ҳамкории байнулмилалии Корея (KOICA) барои сохтмони шабакаҳои барқӣ ва беҳбуди сатҳи хизматрасонии тиббии аҳолии дараи Ромит ба сифати кумаки бебозгашт 6 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар доданд, имрӯз дар Душанбе байни Вазорати мазкур, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва KOICA дар ин хусус санади дахлдор ба имзо расид.

Лоиҳа дар қаламрави нуҳ деҳаи дараи Ромит - Ғускеф, Пичеф, Қоқу, Девдара, Новаки поён, Новаки боло, Пушандоч, Вистан ва Дашти мазор амалӣ шуда, сокинони ин деҳаҳо бори нахуст ба нерӯи барқ ва хизматрасонии муосири тиббӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи лоиҳа як зеристгоҳи 110/10 киловолт ва беш аз 50 км хати интиқоли барқи 0,4 киловолт сохта шуда, трансформатор, низоми муосири назорат ва баҳисобгирии барқ насб ва ҳамчунин бунгоҳҳои тиббӣ бунёд мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.