Ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ аз ҷониби хусурон (падаршӯй) доир ба серхобии келинҳо ҳангоми ҳомиладориашон арзу шикояти зиёде ворид шудааст.

Раиси Куммитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Идигул Қосимзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки шавҳарони чунин занҳо низ арзу шикоят мекунанд.

«Мо ба онҳо посух додем, ки ин занон фарзандону набераҳои шуморо таваллуд мекунанд ва саломатии онҳоро эҳтиёт кардан лозим аст, - гуфт ӯ. - Ғайр аз ин, Кумита аз Вазорати тандурустӣ равоншиносонро давъат намуда, бо ин гуна мардон дар мавриди чӣ гуна шароитҳо фароҳам овардан барои занони ҳомиладор суҳбатҳо гузаронид».

Дар идома ӯ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли 2017 дар саросари ҷумҳурӣ 2 ҳазору 100 ҳодисаи аз ҳам пошхӯрии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки асосан оилаҳои ҷавон будаанд.

«Аз ҷабрдидагон аз зӯроварӣ дар оилаҳо ба мо наздики якуним ҳазор ариза ворид шуд. Аз рӯи натиҷаҳои баррасии ин аризаҳо 281 мавод ба суд ирсол гардида, аз рӯи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуд», - иброз дошт номбурда.

Ба қавли Қосимзода, соли 2017 дар қаламрави кишвар 497 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2016 (596 ҳодиса) 99 ҳолат камтар аст.

«Дар вилояти Суғд аз ҳама бештар занон даст ба худкушӣ мезананд, - афзуд раиси Кумита. - Бо даст ба худкушӣ задан онҳо фаромӯш месозанд, ки азимтарин гуноҳро содир мекунанд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.