Меҳринигори Рустам, овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик дар озмуни мусиқии "Rising Star” дар Ҳиндустон бо таронаи машҳури "Хатуба” аз филми ҳиндии "Алибобо ва 40 роҳзан” ҳунарнамоӣ кард. Дар бораи иштирокаш дар ин озмуни ӯ дар саҳифаи Инстаграми худаш маълумот додааст

Ҳунарнамоии Меҳринигорро тариқи шабакаи телевизионии "Colors TV”-и Ҳинд даҳҳо миллион нафар тамошо карда, аз ҳунарнамоии Меҳрнигор ҳам ҳайъати ҳакамон ва ҳам тамошобинони ҳиндӣ ба ваҷд омаданд.

Адибаи Рустам, модари Меҳринигори Рустам ба сомонаи "Ахбор” гуфтааст, ки Меҳринигор алакай аз ду даври озмун гузашта, ба даври навбатӣ омодагӣ мебинад.

«Ширкат дар ин озмуни муътабар дар Ҳиндустон, кишваре ки бо сатҳи баланди мусиқӣ ва таронаҳояш маъруф аст, барои Меҳринигор як имтиҳони хеле ҷиддӣ ва ҳам як мактаб аст, чунки ба ҳунари довталабон дар "Rising Star” дар баробари тамошобинон ҳамчунин ҳакамоне баҳо медиҳанд, ки шинохтатарин овозхонҳои Ҳиндустон дониста мешаванд», - изҳор доштааст модари овозхон.

Гуфта мешавад, Меҳринигори Рустам дар саҳнаи "Rising Star” нафақат таронаи "Хатуба”-ро хонд, балки бо забони ҳиндӣ бо ҳозирин суҳбат карда, бо забондониаш низ тамошобинонро боз ҳам ба ваҷди бештар овард.

"Rising Star” фарзияи ҳиндии як сабқати байналмилалии мусиқист, ки имсол мавсими дуюмашро тай мекунад. Ин сабқат дар Ҳиндустон бори аввал моҳи феврали соли 2017 оғоз ёфт ва асосан дар байни овозхонҳои ҳиндӣ доир мешавад.