Беҳбуди ҷиддии муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бешак рӯйдоди муҳим барои мардуми ҳарду кишвар аст.

Ифтитоҳи гузаргоҳҳо дар сарҳад, хатсайрҳои навӣ ҳавоӣ, нақлиёти заминӣ ва роҳи оҳан, ҳалли ниҳоии масъалаи аломатгузорӣ дар сарҳад ва аз ҳама муҳимаш равуои бераводид ба қаламрави ҳамдигар барои шаҳрвандон қисмате аз қарордодҳое мебошанд, ки дар ҷараёни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба даст омаданд.

Ояндаи наздик натиҷаи ин қарордодҳо дар ҳаёт татбиқ шуда, ба кишварҳои ҳамсоя баҳри беҳбуди некӯаҳволии мардуми тоҷику ӯзбек шароити мусоид фароҳам меорад.

Албатта, шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар муҳоҷират қарор доранд, аз ин рӯйдод хеле хушнуданд.

Шабакаи TAJLIFE дар шаҳри Санкт-Петербург назарсанҷӣ гузаронида, аз шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон назарашонро дар ин бора пурсид. Назари онҳо ба беҳбуди муносибатҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон чӣ гуна аст?