Бемории сил яке аз хатарноктарин бемориҳо дар тамоми кишварҳо ба шумор рафта, бино ба маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии саломатӣ, ин беморӣ яке аз 10 сабаби марги нобаҳангоми инсонҳо дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Тоҷикистон, ки байни 30 кишвари ниёзманд ба доруҳо барои шакли мутобиқгаштаи бемории сил дар мадди аввал меистад, вусъат додан ва татбиқи усулҳову моделҳои ташхис, табобат ва пешгирии бемории силро ба зиммаи худ гирифтааст. Ёдовар мешавем, ки  муолиҷаи он дар мамлакати мо ба таври ройгон эълон шудааст.

Азиз Одиназода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни як нишаст, ки “Семинари миллӣ оид ба усули ба бемор равонагардидаи табобати бемории сил” ном дошт, зикр кард, ки «дастовардҳо дар заминаи дарёфт ва муолиҷаи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол беҳтар гашта, сатҳи хизматрасонӣ низ хуб шудааст. Новобаста ба дастовардҳо дар самти муолиҷаву дарёфти бемории сил камбудиҳо низ мавҷуд аст, ки маҳз ин чорабиниҳо барои бартараф гардидани ин камбудиҳо равона гардидааст. Боварӣ дорам, ин гуна вохӯриҳо бо шарикон барои аз байн бурдани шумораи гирифторони бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад».


Таҷрибаи табобати сил тибқи “Реҷаи кӯтоҳмуддат” 

Бемори собиқ Гулбаҳор Мирзошарифова, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, гуфт, ки маҳз бо кӯмаки мақомоти ҳукумат ва ташкилотҳои тандурустӣ ӯ дар муддати кӯтоҳ тибқи “Реҷаи кӯтоҳмуддат” табобат ёфт. Хонум Мирзошарифова раванди мубталои ин беморӣ гардиданашро чунин нақл кард:


 -Дар аввал қабули ин беморӣ барои ман сахт набуд, чунки пештар аз ман бародарам бемор буд. Ман медонистам ки шифо меёбам, зеро бародарам шифо ёфта буд. Ҳар бемор пеш аз ҳама на танҳо бо доруҳо, балки бо хӯрока ҳам бояд дастгирӣ ёбад. Барои ман хӯроки якум хӯрок набуд. Ҳис намекардам, ки чизе хӯрда бошам. Муҳимтар аз ҳама, дастгирии атрофиён бисёр лозим аст. Аз ин ҷиҳат маро бародарам дастгирӣ мекард. Ҳастанд оилаҳое, ки намефаҳманд ин бемориро. Ҳоло ман ба ҳайси аъзои ихтиёриён (волонтерҳо) дар гуруҳи Ёрии дастгирии ЮСАИД ҳамкорӣ мекунам ва ба беморон кӯмак мерасонам. Барои беморон умед барои шифо ёфтан бисёр лозим аст. Хушбахтона, ман соҳиби ду фарзанд ҳастам ва ҳамин фарзандонам барои шифо ёфтани ман умед мебахшиданд. Истеъмоли дору бисёр сахт аст ва ҳолатҳое мешуд, ки идома додани табобатро намехостам. Маҳз дастгирии ҳаматарафа боис шуд, ки ман табобатамро идома додам.

Гирифторшавӣ ба бемории сил дар солҳои охир

Аслиддин Раҷабзода, директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил зимни як нишаст дар шаҳри Душанбе иброз дошт, ки  дар миёни 100 ҳазор аҳолӣ 59,8 ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории сил мавҷуд аст, ки ин омор нисбат ба 10 соли қабл гирифторшавӣ ба ин беморӣ кам шудааст. 

Ҷаноби Раҷабзода зикр кард, ки марги беморони сил дар миёни 100 ҳазор мубталоён 3,5 ҳолатро ташкил мекунад, ки соли 2006-ум 7,1 ҳолатро ташкил медод. 

Сил ҳамроҳ бо ВНМО

Аслиддин Раҷабзода изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки солҳои охир мубталоёни сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) аз ҳисоби беморони сил зиёд гаштааст. Дар соли 2016 аз 6241 бемор 201 нафари онҳо сироятёфтаи ВНМО будаанд, ки нисбат ба соли 2010-ум 100 ҳолат зиёд гардидааст: “Бемории сил яке аз сабабҳои асосии фавти беморони ВНМО мебошад: 35% ҳолатҳои фавти беморони ВНМО дар соли 2015 бо сабаби бемории сил буд”. 

Сил ва муҳоҷират

Ба маълумоти Аслиддин Раҷабзода ҳолатҳои гирифторшавии муҳоҷирон ба бемории сил ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ модааст ва дар соли 2016 ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба бемории сил миёни муҳоҷирон 17 фоизро ташкил медиҳад. 

Гирифторони бемории сил дар муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ


Саидқул Шарипов, сардори раёсати тандурустии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар мавзӯи “Ташкил ва идора намудани мубориза бар зидди бемории сил дар маҳбасҳои Тоҷикистон” иброз намуд: “Яке аз бемориҳои паҳнгашта дар байни нафароне, ки аз озодӣ маҳрум гаштаанд, ин бемории сил, ВНМО ва бемории нашъамандӣ мебошад. Тавре аз оморҳо маълум аст, солҳои охир нисбат ба солҳои гузашта он қадар ташвишовар нест, чунки бо ёрии ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо ин ташкилотҳо кор мекунем ва бо кӯмаки онҳо як қатор беҳбудиҳо шуданд. Масалан барои СИЗО-и 1 як дастгоҳи флюорографии рақамӣ гирифтем ва кадом одаме, ки ба СИЗО дохил мешавад, 100% аз таҳлили флюорографӣ барои дарёфти беморӣ мегузарад. Ғайр аз ин, дар беморхонаи марказии раёсат дастгоҳи калони замонавӣ дорем оид ба дарёфти бемории сил. Инчунин дастгоҳи мобилии флюорографӣ дорем, ки дар ҳама муассисаҳо рафта дар ҷойҳояш ҳар як маҳкумшударо аз назар мегузаронанд. Амалисозии барномаи ЮСАИД дар мубориза бо бемории сил дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин баланд бардоштани огоҳии маҳбусон дар бораи бемории сил, беҳтарсозии дастрасии тиббӣ ва ташхису табобати бемории сил, баланд бардоштани таҷриба ва дониши табибони ин муассисаҳо дар бораи бемории сил аст». Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки пешравиҳо дар ин самт низ ҳастанд. Насби ду дастгоҳи GenExpert дар раёсати тиббии Cарраёсати маҳбасҳои Вазорати адлия ва муассисаи ислоҳии 3/5 дар вилояти Суғд имкон додааст, ки ҳамаи ҳолатҳои нави бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣ дар давоми се рӯз ба табобати зидди вирусӣ мегузаранд.

Гуфта мешавад солҳои охир шумораи маҳбусон дар Тоҷикистон бештар гардидааст. Тибқи маълумотҳои нашршуда  ҳоли ҳозир 13 то 13,5 ҳазор маҳбус дар Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд. 

Мушкилиҳо

Ба маълумоти Саидқул Шарипов мушкилиҳо дар самти нарасидани духтурони силшинос ва кам будани шавқи табибон ба табобати ин гуна беморӣ то ҳол ба назар мерасад:

Ҳамчунин нокифоя будани ғизо барои гирифторони бемории сил дар ин маконҳо, нокифоя будани таъминоти техникии низоми идоракунии инфексионӣ, набудани шароит барои гузаронидани кӯмаки физиохирургӣ ба беморони сил бо мақсади беҳтар кардани иќлими колония аз мушкилот ба ҳисоб мераванд.

Ӯ ҳамчунин изҳори нигаронӣ кард, ки шакли мутобиқгаштаи сил дар ин муассисаҳо нисбат ба солҳои пеш бештар гаштааст ва барои муолиҷаи беморони сил мушкилии дигар ин макони нигаҳдорӣ аст: “Тавре медонед, ҳамаи ин муассисаҳо дар солҳои 1940-ум сохта шудаанд ва низоми ҳавотозашавӣ кофӣ нест”.

Дар ҳамин ҳол, Умринисо Сироҷиддинова, собиқадори соҳаи тандурустӣ низ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки “донишҷӯён барои мутахассиси силшинос шудан чандон ҳавасманд нестанд. Ба ин хотир мо талош мекунем, дар ин самт мутахассис омода кунем”. 

Самарабахшии табобати сил

Ба гуфтаи директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил,  самарабахшии табобати ҳодисаҳои нави бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2002-2016 аз 100 фоиз дар соли 2016, 89,4 фоизро ташкил дод. 

Аслиддин Раҷабзода бо изҳори нигаронӣ гуфт, ки муолиҷаи беморони шакли мутобиқгаштаи сил дар соли 2014 нишон дод, ки самарабахшии табобат 50% фоиз, табобати бебарор 9,1% ва 20,8% фавтро ташкил дод. Нишондоди бузурги фавт ва табобати бесамар аз он далолат мекунад, ки ваќте Ҷумҳурии Тоҷикистон ба барномаи табобати шакли мутобиқгаштаи сил фаро гирифта шуд, он замон беморон дар интизори табобат, баъзеяшон бо ҳолати вазнини бемории сил буданд. 

Маблағгузорӣ дар самти муолиҷаи бемории сил

Аслиддин Раҷабзода, директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, зимни як тамоси телефонӣ бо мо дар мавриди маблағгузории буҷетӣ барои муолиҷаи ин беморӣ гуфт:

-Маблағгузорӣ аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои силшиносӣ афзуда истодааст. Аз соли 2016 то ҳол ғайр аз маблағҳое, ки барои силшиносӣ ҷудо мешавад, маблағи иловагӣ ба миқдори як миллион сомонӣ, дар соли 2017-ум 1,5 млн сомонӣ ва дар соли 2018-ум 3,5 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Ин маблағҳое, ки нишон дода шуд, аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷудо шудааст. Ғайр аз ин, ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки дар ҳудудашон беморхонаи зиддисилӣ доранд, кӯмакҳо, аз қабили барқи ройгон, озодкунӣ аз андоз, озуқаворӣ, ба мисли орду равған, шакар ва сабзавот ва ғайра мерасонанд. Дар солҳои 2016 ва 2017 аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду муассисаи зидди силӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ва ноҳияи Панҷ аз нав сохта ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, ҷойи зикр аст, ки дар Кодекси тандурустӣ зиёд кардани маоши табибони силшинос 100 фоиз пешбинӣ шудааст. Дар сурати қабули ин Кодекс маоши табибони силшинос зиёд карда хоҳад шуд.

Ҷаноби Раҷабзода дар мавриди маблағи умумии муолиҷа барои як бемори сили ҳассос гуфт: “Барои табобати пурраи як бемори сили ҳассос дорувории танҳо зидди силӣ 80 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки 100 фоиз аз ҳисоби буҷети давлатӣ таъмин мегардад. Ҳамчунин, барои табобати як бемори шакли мутобиқгаштаи сил аз 3 ҳазор то 5 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки ин аз ҳисоби фонди глобалӣ дастгирӣ меёбад. Барои бемори шакли васеи мутобиқгаштаи сил бошад, аз 5 ҳазор то 10 ҳазор доллари амрикоӣ масраф мешавад, ки ин ҳам аз ҳисоби донорҳо дастгирӣ меёбад”.

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, маблағи солонаи зиддисилӣ дар Тоҷикистон дар соли 2017-ум 25 млн доллари амрикоӣ ҳисоб шудааст, ки 23%-и онро аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 60%-ро аз ҳисоби кӯмакҳои хориҷӣ, ҳамчунин 17%-и онро касрии буҷа гуфтаанд.