Таъсиси филиали Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон (ДСРТ) дар заминаи мактаби таҳсилоти миёнаи маҳаллӣ дар Кӯлоб дар назар аст. Як мактаби Русия ва Тоҷикистон дар пойтахт амал мекунад.

Дар ин хусус лоиҳаи созишномаи дахлдор байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия таҳия ва айни замон дар марҳилаи мувофиқасозӣ қарор дорад.

Дар қарори аз 30 май баимзорасидаи ҳукумати ҶТ дастур дода мешавад, ки лоиҳа маъқул шуорида шавад. Ба Вазорати корҳои хориҷӣ дастур дода шудааст, ки бо ҷониби Русия сана ва макони имзои созишномаро мувофиқа кунад.

Дар лоиҳаи қарор гуфта мешавад, филиали ДСРТ дар заминаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Кӯлоб таъсис дода мешавад.

Филиал Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб (филиал)-и муассисаи байнидавлатии таълимии маълумоти олии «Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон» номида мешавад.

Зикр мегардад, ки ҷониби Русия масъалаи таъмини маблағгузорӣ ба фаъолияти мактабро дар ҳудуди нақшаи ҳамасола тасдиқмешудаи хароҷот ба уҳда мегирад.

Мактаби Русия ва Тоҷикистони назди ДСРТ дар Душанбе
rtsu.tj

Хароҷоти нигаҳдорӣ ва истифодаи амволи мактаб бо қаламрави гирду атрофи он, аз ҷумла хароҷоти истифодабарӣ ва коммуналӣ, ҳамчунин дигар хароҷоти марбут ба таъмини фаъолияти мактаб ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.