Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои соли 1994 сабтшудаи ситораи оянаи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайёи 13-сола торафт маъруфияти зиёдтар касб мекунад. Дар он Шабнам бори нахуст назди тамошобинон суруди модари худро месарояд.

Нахустин таронаи Шабнами Сурайёи 13-сола «Хоб аз чашмонам рабудӣ» мебошад, ки дар ҷашни зодрӯзи модараш - Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Сурайё Қосимова соли 1994 дар Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб садо дод.

Қаблан Шабнам дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» иқрор шуда буд, ки ба сароидани ин тарона пинҳонӣ омодагӣ мегирифт, зеро мехост, ки ба модараш туҳфаи ғайриоддӣ пешниҳод намояд. Пас аз иҷрои муваффақона ин суруд ӯ дар озмунҳои зиёди сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба комёбиҳо ноил гардид. Баъдан Шабнам ба ҷуз саҳна, модарашро дар тӯйҳо ҳамроҳӣ ва ба ӯ кумак мекард.

Шабнам 14 октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб дида ба ҷаҳон кушодааст. Модар ва хоҳари Шабнам — Сурайё Қосимова ва Фарзонаи Хуршед — низ аз ҳунарпешаҳои шинохта дар Тоҷикистон ҳастанд.

Шабнамро машҳуртарин овозхони тоҷик медонанд, ки шӯҳраташ аз марзҳои Тоҷикистон гузашта ва ҳунараш дар Осиёи Миёна, Эрону Афғонистон дӯстдорони бисёре дорад.

Шабнам дар солҳои 2008 — 2009 бо ибтикори ширкатҳои хориҷӣ панҷ консерт дар Аврупо (Мюнхен, Лондон, Берлин, Дюселдорф), се консерт дар Канада (Монреал, Ванкувер, Торонто) ва 10 консерт дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (Ню-Йорк, Лос Анҷелес, Сан Франсиско ва ғайраҳо) баргузор кардааст.

Соли 2007 Созмони Миллали Муттаҳид Шабнами Сурайёро Сафири ихтиёрии СММ аз ҷониби Тоҷикистон таъин намуд, то ки барои рушди барномаи СММ доир ба мубориза зидди бемории норасоии масъунияти бадан БНМБ мусоидат намояд.