Таърихи ба Бухоро омадани яҳудиён хеле қадима аст: ҳанӯз асри VI баъди паси сар кардани ҷандин ҷангу ҳамлаҳо, қисмате аз ин мардум ба Бухоро кӯч баст.

Имрӯз дар ин ҷо онҳо ҳамагӣ 500 нафар боқӣ мондаанд. Яҳудиёнро метавон дар дигар шаҳрҳои Ӯзбекистон, аз қабили Самарқанду Андиҷон низ вохӯрд, лекин яҳудиёни Бухоро нисбат ба дигар яҳудиён бештар маъруфтаранд. Ҳатто мафҳуми «яҳудии бухороӣ» низ сари забони мардум аст.

Дар бораи ин қадр таваҷҷуҳи зиёд ба онҳо ва чӣ тафовут доштани онҳо аз дигар яҳудиён президенти ҷамъияти яҳудиёни Бухоро Абраам Исҳоқов маълумот дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.