Дар шаҳри Панҷакент охири ҳафтаи гузашта Фестивали III мусиқии анъанавии минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он сарояндагони маъруфи таронаҳои мардумӣ аз ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон ширкат варзиданд.

Дар доираи лоиҳаи «Салом соседи!» (Салом ҳамсояҳо) гузорише аз ин фестивал таҳия шуд. Баъзе сурудҳои дар ин фестивал сароидашуда таърихи садсола дошта, бидуни ҳеҷ гуна тағйир то имрӯз боқӣ мондаанд.