Овозхони тоҷик Зиёвиддини Нурзод дар васфи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тарона эҷод кард.

Тарона “Шаҳриёр” ном дошта, клипи он наворбардорӣ ва аллакай шумори хеле зиёди корбарон онро тамошо кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан овозхонони шинохтаи тоҷик Сурайё Қосимова, духтаронаш Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед ва шавҳари Фарзона – Фаридуни Хуршед бо номи «Пешвои миллат» таронаеро дар васфи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сароиданд. Муаллифи шеър Ниҳонӣ аст, ки тахаллуси шоирии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода Ҳамро мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.